Муаллифон: Разиюддин Атоӣ, Исломов Яҳё
Саҳифаҳо: 156
Соли нашр: 2025
Навъ/жанр: Луғат
«Муҳовараи ҷопонӣ-тоҷикӣ» барои ҳар нафаре, ки омӯзиши забони ҷопониро дар назар дорад, як ёвари ҳатмӣ шуда метавонад. Китоб доираи васеи ибораҳои муфидро дар бар гирифта, ҳолатҳои гуногуни ҳаёти рӯзмарраро инъикос менамояд.
Муҳовара ба қисмҳои мавзуӣ ҷудо карда шудааст. Аз ин рӯ, ҷустуҷӯи маълумоти заруриро осон мекунад. Дар ин ҷо ибораҳоро барои салом ва хайрухуш, сайругашт дар шаҳр ва мағозаҳо, рафтан ба тарабхонаҳо, фармоиши меҳмонхонаҳо, муошират дар нақлиёт, инчунин, бахшҳое пайдо кардан мумкин аст, ки ба ҳолатҳои мураккабтар, аз қабили рафтан ба духтур ё ҳалли масъалаҳои ғайримуқаррарӣ бахшида шудааст.