Грамматика ва ифодаҳои забони куриёӣ (қисми 1)

Грамматика ва ифодаҳои забони куриёӣ (қисми 1)

Муаллифон: Ирфон Нормахмедов, Чой Ми Ҳи, Мирзоев Д.М.

Саҳифаҳо: 194

Соли нашр: 2025

Навъ/жанр: Дастури таълимӣ

Маълумоти кутоҳ

Мусаллам аст, ки омӯзиши забони хориҷӣ бидуни азхудкунии грамматикаи он имконнопазир буда, ҷиҳати тадриси дурусти забони хориҷӣ грамматикаи он нақши муҳим дорад.

Китоби дарсии “Грамматика ва ифодаҳои забони куриёӣ ” мутобиқи нақшаҳои таълимии намунавӣ ва нақшаҳои таълимии корӣ таҳия гардида, он фарогири мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми грамматикаи забони куриёӣ буда, мавридҳои корбурди калимаву ифодаҳои серистеъмоли забони куриёиро муайян намуда, ҷиҳати фаҳмотар шудани онҳо бо забони тоҷикӣ муқоиса карда шудааст, ки ин усули муассир дар таълими забони хориҷӣ маҳсуб меёбад.

Китоби дарсии “Грамматика ва ифодаҳои забони куриёӣ” бо қарори Шурои илмию методии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода №_2/3–7, аз 26-уми ноябри соли 2025, ба чоп тавсия шуда, ба омӯзандагону алоқамандони омӯзиши забони куриёӣ пешниҳод карда мешавад.

Боргирӣ кардан