Виҷдоншиносӣ

Виҷдоншиносӣ

Муаллифон: Рустам Комилов, Далер Комилов

ISBN: 978-99985-898-4-1

Саҳифаҳо: 200

Соли нашр: 2025

Навъ/жанр: Дастури таълимӣ

Маълумоти кутоҳ

Китоби Виҷдоншиносӣ як тадвини мукаммали фалсафӣ мебошад, ки бо ҳадафи таҳия ва мураттаб сохтани мафҳуми виҷдон ҳамчун яке аз сутунҳои
асосии маънавиёт ва ахлоқи инсонӣ анҷом дода шудааст. Ин асар на танҳо як дастури таълимӣ барои донишҷӯён аст, балки як таҳқиқоти бисёрқабата мебошад, ки фалсафа, дин, илмҳои табиӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин мероси миллӣ ва ҷаҳониро ба ҳам меорад.
Дар бунёди назариявӣ, китоб виҷдонро ҳамчун қонуни ботинӣ ва садои ҳастӣ тавзеҳ медиҳад бо такя ба мутафаккирони Шарқу Ғарб, дар ҳоле ки аз
нигоҳи эмпирикӣ, он бо истифода аз дастовардҳои муосири биология, нейронаука, равоншиносӣ ва ҷомеашиносӣ паҳлӯҳои таҷрибавии онро шарҳ
медиҳад.

Боргирӣ кардан