Асабшиносӣ

Асабшиносӣ

Муаллифон: Далер Комилов, Акбар Муродзода

ISBN: 978-9906-9926-4-0

Саҳифаҳо: 216

Соли нашр: 2026

Навъ/жанр: Илмӣ-оммавӣ

Маълумоти кутоҳ

Китоби «Асабшиносӣ» таҳқиқи мукаммали илмӣ ва фалсафии низоми асаби инсонро дар марҳилаи муосири рушди асабшиносӣ (нейронаука) пешниҳод менамояд. Муаллифон илмҳои муосирро бо фаҳмиши фалсафии шуур, зеҳн, виҷдон ва маъно муттаҳид сохта, ба хонанда тасвири нави табиати инсонро пешниҳод мекунанд.

Дар китоби мазкур системаи асаб аз дидгоҳи биологӣ, клиникӣ, равоншиносӣ ва фалсафӣ шарҳ меёбад. Дар баробари тавзеҳи механизми нейрон, биохимия, нейрофизиология ва равандҳои маърифатшносӣ, инчунин, доир ба масъалаҳои шуур, ихтиёр, виҷдон, ахлоқ, ҳувийят, таҷрибаи инсонӣ ва зеҳни сунъӣ низ дар равшанои асабшиносии (нейронаукаи) навин таҳлилу баррасӣ мегардад.

Китоб барои донишҷӯён, муҳаққиқон, табибон, равоншиносон, муаллимон ва ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд робитаи байни майна, шуур, рафтор, ҷомеа ва зеҳни сунъиро бифаҳманд, манбаи муътамад ва муосир мебошад.

Ин асар ба хонанда нишон медиҳад, ки асабшиносӣ илми маърифат, виҷдон ва худфаҳмии инсон низ аст.

Китоб ба хонанда чунин паём дорад: Илм танҳо дар он сурат илм мебошад, ки донишро ба маъно, маълумотро ба фаҳмиш ва фаҳмишро ба виҷдон табдил диҳад. Асабшиносӣ ба мо меомӯзад, ки инсон дар ботин ойинаи нур аст; Пешвои миллат ба мо меомӯзад, ки миллат дар ботин ойинаи маърифат мебошад, ки се марҳилаи ягонаи бедории ҳақиқии инсонанд: Дар сатҳи фардӣ - майна; дар сатҳи иҷтимоӣ - маориф; дар сатҳи таърихӣ- Пешвои миллат табдили дониш ба нур, табдили нур ба виҷдон ва табдили виҷдон ба масъулияти таърихӣ мебошанд.

Боргирӣ кардан