Муаллифон: Далер Комилов, Муҳаббатшо Қобилов, Нуриддин Султонҳайдаров
ISBN: 978-9906-9913-2-2
Саҳифаҳо: 136
Соли нашр: 2026
Навъ/жанр: Монография
Монографияи «Зеҳни сунъӣ, виҷдон ва маърифати ахлоқӣ дар замони муосир» як таҳқиқи мукаммали фалсафӣ-ахлоқиест, ки масъалаи марбут ба ҳудуди маърифат, мақоми виҷдон ва шахсияти инсон дар рӯ ба рӯи рушди босуръати зеҳни сунъиро ба таври назариявӣ баррасӣ менамояд.
Муаллифон дар монография бо истифода аз равишҳои таҳлилӣ, муқоисавӣ ва интиқодӣ ба ин савол равшани андохта, масъалаи маҳдудиятҳои зеҳни сунъиро дар бозсозии моҳияти маънавии инсон, хусусан, виҷдон ва ахлоқи башарӣ мавриди таҳқиқ қарор медиҳанд. Дар хулосаи монография, ба натиҷа мерасанд, ки зеҳни сунъӣ метавонад василаи тавоно барои дастгирии қарорҳои ахлоқӣ бошад, аммо ҳеҷ гоҳ наметавонад ҷойи виҷдон ва маърифати башариятро бигирад. Инсон ҳамчун мавҷуди дорои хирад, эҳсос ва масъулият, ҳамоно маркази низоми ахлоқ мемонад. Муаллифон дар монография пешниҳод менамоянд, ки дар замони рушди босуръати технологӣ, барқарор намудани маърифати ахлоқӣ ва таълими виҷдон ҳамчун ҷузъи муҳимми таълиму тарбия, барои ҷомеа ҳамчун маводди ёрирасон кӯмак кунад.