Муаллиф: Аҳтамшоҳ Юнусӣ
ISBN: 978-99985-1-119-4
Саҳифаҳо: 377
Соли нашр: 2026
Навъ/жанр: Дастури таълимӣ
Китоби мазкур донишҷӯёнро бо вижагиҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, адабӣ ва фарҳангии Ҳиндустон ошно месозад. Он имкон медиҳад, ки донишҷӯён бо тарзи зиндагӣ, урфу одат, арзишҳо ва анъанаҳои мардуми Ҳиндустон ошноии комил пайдо намоянд.
Китоб бо забони сода ва фаҳмо барои донишҷӯён таҳия шуда, дар он маводи тасвирӣ, нақшаҳо ва мисолҳои гуногун ҷой дода шудааст, то омӯзиш ҷолибу самаранок бошад.
Китоби дарсӣ барои доираи васеи донишҷӯён, магистрон, омӯзгорон ва ҳамаи онҳое, ки ба омӯзиши забону адабиёт, таъриху иқтисод ва ҷуғрофиёи кишвари Ҳиндустон таваҷҷуҳ доранд, пешниҳод мешавад.