Муаллифон: Абдуфаттоҳ Шарифзода, Абдулло Ғафуров
ISBN: 978-99947-0-773-7
Саҳифаҳо: 320
Соли нашр: 2012
Китоб ба 60-солагии зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва 20-солагии фаъолияти ў дар мақоми сарвари давлат бахшида шудааст.
Дар ин китоб бар асоси сарчашмаҳои дақиқ саъю кўшишҳои бениҳоят бузурги сарвари Тоҷикистон дар кори истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ, бозгашти гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсияи кишвар, ҳамчунин ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик инъикос ёфтааст.
Китоби мазкур дар бораи нақши Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои душвортарини давраи пас аз ҷанги шаҳрвандӣ, фаъолияти Комиссияи оштии миллӣ, ки натиҷаи он Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ дар кишвар мебошад, ҳамчунин ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ, рушди фарҳанг ва робитаҳои байналмилалии кишвар нақл мекунад.