Муаллиф: Далер Комилов
ISBN: 978-99975-1-429-5
Саҳифаҳо: 140
Соли нашр: 2025
Дар ҳикмати тафаккур, шоҳиди маърифатии замони истиқлол расида, ба шакли як диди онтологӣ ва герменевтикӣ таҷассум ёфтааст. Таҷрибаи ҳикмати зиндагии муаллиф, бедорхобӣ ва парастории маънавӣ дар канори модар, вақте бо суханҳои Пешвои миллат ва бо пояҳои мустаҳками ҳикмати ахлоқ ва виҷдон ҳамоҳанг мегардад, ба як маъно мубаддал мешавад, ки дорои хусусияти ҳамзамон шуури умумибашарист. Аз нигоҳи онтологияи ҳастӣ, чунин ҳамгироӣ нишон медиҳад, ки рӯйдодҳои маҳдуди шахсӣ метавонанд дар зери як уфуқи маънавӣ бо воқеиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳамсуҳбат бигарданд, агар заминаи виҷдонӣ ва арзишии онҳо бо иродаи маънавӣ ва масъулиятшиносии таърихӣ яксон бошад. Ба забони герменевтика, ҳар як лаҳзаи ранҷ, хизмат ва бедорӣ қудрати тафсири маъно ва тарҷумаи он ба забони умумии ҳуввияти миллӣ ва ахлоқи ҷомеаро дорад. Аз ин рў, метавон бо итминон гуфт, ки дар доираи фазои маънавиёти давлати соҳибистиқлол, бори нахуст тавассути ҳампайвандсозии таҷрибаи шахсӣ, биниши фалсафӣ ва суханони Пешвои миллат, як матни илмии мукаммал ва мутамарказ шакл гирифтааст. Ин асар, на танҳо бозтоби эҳсосоти шахсӣ, балки санади фарҳангӣ маърифатии замони истиқлол мебошад, ки дар он шахсият, виҷдони миллӣ ба як воқеияти ягонаи маънавӣ табдил ёфтааст.